17 Ноябр 2025 - 20:20
Source: ABNA
Дипломати аршади Эрон: Ғарб омодаи музокира нест/ Осори манфии иснапбак​​​​​​​ контрол шуд

Муовини вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе бо баёни инки тарафи муқобил (ғарбиҳо) бояд омодагии музокираро касб кунад ва дар ҳоли ҳозир омодаи он нест, гуфт: Масъулину дастгоҳҳои марбута талош карданд осори манфии иснапбакро контрол кунанд ва дар асари ин контрол буд, ки ғарбиҳо ба суроғи қаътнома дар ожонс рафтанд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар шароите ки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора бар пойбандӣ ба гуфтугӯ ва таомули созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид доштааст, мавозеи Козими Ғарибободӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон бори дигар ҳаққонияти Эрон дар баробари сиёсатҳои ноодилона ва якҷонибагароёнаи Ғарбро барҷаста сохт.

Ғарибободӣ дар ҳошияи нишасти “Ҳуқуқи байналмилал таҳти таҳоҷум: таҷовуз ва дифоъ”, ки дар Маркази мутолеоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати хориҷаи Эрон баргузор шуд, бо ишора ба инки музокира дутарафа аст ва на таҳмили хостаҳо, афзуд, ки Эрон ҳеҷ гоҳ мизи музокираро тарк накарда ва ҳамвора омодаи гуфтугӯи баробар ва муҳтарамона будааст.

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Дар муқобил, кишварҳои ғарбӣ на танҳо омодагии лозим барои музокираи воқеиро надоранд, балки бо абзорҳое чун фаъолсозии ғайриқонунии иснапбак ва талош барои судури қатъномаҳои сиёсӣ дар Шӯрои ҳукком саъй дар фишор бар Эрон доранд, ин дар ҳолест, ки аксарияти ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла 121 кишвари узви Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд ва ду узви доими Шӯрои Амният, яъне Чину Русия аз ин иқдомот ҳимоят накардаанд, ки нишонае равшан аз шикасти дипломатияи таҳмилии Ғарб аст.

Ғарибободӣ ҳамчунин ба талошҳои дохилӣ барои контроли осори манфии иснапбак ишора кард ва таъкид намуд, ки Эрон бо вуҷуди ҳамалот ба таъсисоти ҳастаии сулҳомезаш, ҳамчунон ба ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ идома дода, аммо бетаваҷҷӯҳии Ғарб ба ин ҳамкориҳо ва тамаркуз бар фишори сиёсӣ, нишондиҳандаи аҳдофи пинҳони ғарбиҳост.

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар поён гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон бо дирояту тадбир, зимни ҳифзи усули худ, омодагӣ дорад дар сурати тағйири рӯйкарди тарафҳои муқобил, вориди гуфтгуи воқеӣ шавад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha